Ссылки доступа

Тағйири қонуни ИМА ба тиҷорати пахтаи Ӯзбекистон дахл дорад


Президенти ИМА Барак Обама "равзанае"-ро дар қонун бекор кард, ки имкон медод ба кишвар маҳсулоте ворид гардад, ки бо истифода аз меҳнати маҷбурии кӯдакон истеҳсол шудаааст.

Ислоҳи қонун барои фурӯшандагони пахта аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пайомадҳое хоҳад дошт. Созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқи инсон аз бекор шудани ин моддаи воридоти маҳсулот истиқбол карданд. Бо ин вуҷуд рӯшан нест, ки оё гумрук қонуни вобаста ба пахтаи ӯзбекро иҷро мекунад ё не.

Ӯзбекистон дар парвариши пахта аз меҳнати кӯдакон фаровон истифода мекунад ва фаъолон пайваста бо талаби фишор овардан ба ҳукумати он маъракаҳое баргузор баргузор мекунанд. Брайан Кэмпбелл, ҳуқуқшиноси анҷумани маъруф бо номи Cotton Campaign гуфт, ки акнун ин қонун ба ҳамаи маҳсулот аз пахтаи Ӯзбекистон дахл дорад. Ҳатто агар маҳсулоти ба он монанд дар ИМА тавлид намешуда бошад. Вай ҳамчунин гуфт, ки акнун қурбониёни меҳнати маҷбурӣ имкон доранд, ба гумрук фишор оваранд, ки иҷрои қонуни тиҷорат беҳтар карда шавад.

XS
SM
MD
LG