Ссылки доступа

Қирғизистон дар давраи бӯҳронӣ ба соҳибкорон такия мекунад


Сарвазири Қирғизистон мегӯяд, дар соли 2015 нигаҳдори вазъи мӯътадили иқтисодӣ имконпазир буд, вале дар соли 2016 такрори ин дастовард душвортар мешавад.

Изҳороти нахуствазир Темир Сариев дар ҷаласаи васеи Шӯрои рушди тиҷорат ва сармоягузории Қирғизистон садо дод.

"Ҳукумат сустшавии суръати рушди иқтисодӣ дар семоҳаи аввали соли 2016-ро пешбинӣ карда буд ва тибқи нақша мо аз нимсолаи дувум мо ба суръати муносиб мерасем. То охири сол мо бояд дастрасӣ ба нишондодҳои нақшавиро таъмин кунем. Ин кори осон нест ва моро зарур аст талошҳо барои таъсиси ҷойҳои кории нав, кам кардани монеаҳо барои тиҷорат ва таъсиси шароити муносиб барои сармоягузориро идома диҳем", - гуфт сарвазир.

Сариев ёдовар шуд, ки ҳукумат барномаи тасдиқшудаи зиддибӯҳронӣ барои соли 2016-ро дар даст дорад. "Вале бо дарназардошти таҳдидҳои нав мо зарур донистем, ки онро якҷо бо ҷомеаи соҳибкорон баррасӣ карда, пешниҳоди онҳоро бишнавем. Судмандии иқдомҳои зиддибӯҳронӣ аз фаъолияти соҳибкорон дар ин равандҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳукумат омодааст фавран ба ҳамаи паёмҳои доираҳои соҳибкорон вокуниш кунад. Дар шароити ҳозира ҳукуматро зарур аст иқдомҳои иловагӣ ва ғайримаъмулии ҳалли мушкилро қабул кунад", - афзуд Сариев.

XS
SM
MD
LG