Ссылки доступа

Ҳамсари Гулмурод Ҳалимов ба ДИ пайваст


Ҳумайро Мирова, корманди маркази иттилоотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки ҳамсари дувуми Гулмурод Ҳалимов дониста мешавад, бо чаҳор фарзандаш ба Сурия рафта, ба сафи гуруҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст.

Ҳумайро Мирова дорои рутбаи низомии капитан буда, ҳатто баъди ба ДИ пайвастани Гулмурод Ҳалимов низ дар хадамоти гумрук кор мекард. Ба гуфтаи ҳамкоронаш, мақомоти қудратӣ нисбати вай шубҳае надоштанд.

Хадамоти гумрук 26 феврал хабар дод, ки Ҳумайро Мирова 8 моҳ пеш барои таваллуди фарзанд ба рухсатӣ рафт ва то кунун аз вай иттилое надоранд. Мақомот мегӯянд, санаи дақиқи пайвастани ҳамсари Гулмурод ба ДИ маълум нест, аммо онҳо иттилои дақиқ доранд, ки вай аллакай дар Сурия аст.

Ҳумайро Мирова ба ҳайси корманди Хадамоти матуботии Вазорати корҳои дохилӣ аз соли 2008 корро шурӯъ кардааст. Ӯ замони кор дар ВКД бо Гулмурод Ҳалимов, ки он замон дар дастаи таъиноти махсус ё худ ОМОН кор мекард, шинос шуда, бо ӯ ҳамчун ҳамсари дувум издивоҷ мекунад.

Дар ибтидои моҳи июни соли гузашта як манбаъ аз кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки фармондеҳи пешини ОМОН Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳ бо ду нафари дигар ба Сурия рафтааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимовро дар хиёнат ба давлат айбдор кард. Ҳалимов бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суҳбат мекунад, дар ИМА ва Русия тамрин дидааст. Дар як навори видеоӣ вай тасдиқ кард, ки ба ДИ пайвастааст ва таҳдид кард, ки бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон бармегардад.

XS
SM
MD
LG