Ссылки доступа

Пойандози Раҳмон ба занҳои фаъол тақсим мешавад


Бахши кор бо занҳои ҳукумати ноҳияи Ҳисор рӯйхати занҳои фаъол ва аз 60-сола калонтарро таҳия кард.

Бахши кор бо занҳои ҳукумати ноҳияи Ҳисор рӯйхати занҳои фаъол ва аз 60-сола калонтарро таҳия кард, ки бояд байни худ пойандози 200-метрии Эмомалӣ Раҳмонро “боадолатона” тақcим кунанд.

Ба сокини ҷамоати Алмосии ноҳияи Ҳисор Бибисайрам Кароматуллоева аз пояндози пешвози президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор танҳо як порчаи астари пойандоз расид. Вай ин бурдаи матоъро бо умед барои тӯйи писараш нигаҳ медорад. Қисме аз онро вай баъд аз хоҳишҳои зиёд ба ҳамсояаш додааст.

Раҳбарони ҷамоати Алмосӣ ба Бибисайрамой ваъда додаанд, ки бо дастури президент ба вай як бурда аз матои аслии пояндози бахмалии ба пешвози раиси ҷумҳур партофтаро медиҳанд, ки ҳамакнун «табаррукӣ” дониста мешавад.

Мақомоти Ҳисор мегӯянд, ки маъмулан зимни сафар ба ин ноҳия зери пойи президент қолин мепартофтанд. Аммо ин даъфа баъд аз сафари Ҳаҷ кардани раиси ҷумҳур тасмим шуд зери пояш пойандози бахмалии сурх партофта шавад. Вале президент супориш дод, ки матои ин пояндоз дар миёни занҳои созовори ноҳия тақсим карда шавад.

Одатан пояндозро дар Точикистон ба нишони эҳтиром зери пойи меҳмонҳои азиз дар тӯйҳо, вақти бозгашти сарбоз аз хидмати низомӣ ё ҳоҷӣ аз сафари Ҳаҷ меандозанд. Вақте “гунаҳгори” маърака аз болои пояндоз мегузарад, ҳозирин матои онро зуд миёни худ тақсим мекунанд.

XS
SM
MD
LG