Ссылки доступа

Мухолифони Сурия ва Русия аз вайроншавии оташбас хабар медиҳанд


Мухолифони Сурия мегӯянд, сарфи назар аз 15 мавриди поймол шудани оташбас аз сӯи Русия, қарори оташбасро риоя мекунанд.

Сухангӯи Шӯрои олии музокирот Салим ал-Муслат гуфт, ният дорад аз болои амалҳои Русия, ки дар наздикии шаҳри Ҳалаб чанд зарбаи ҳавоӣ задааст, ба СММ ва кишварҳои сарпарасти сулҳи Сурия шикоят барад.

Рӯзи якшанбе вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки оташбас дар Сурия дар маҷмуъ риоя мешавад, аммо давоми як рӯз 9 мавриди поймолшавии он ба қайд гирифта шудааст.

Тавре сардори русиягии Маркази сулҳи ҷонибҳои даргир дар Сурия Сергей Кураленко иттилоъ медиҳад, ин 9 мавриди нақзи оташбас тирборони мавзеи Кбан дар вилояти Латақиё ва ҳамлаи ҳудудан 100 ҷангҷӯёест, ки аз ҷониби Туркия ба шимоли шаҳри Раққа анҷом додаанд. Тавре дар хабар омадааст, ин ҷангҷӯён бо оташи тӯпхона аз ҳудуди Туркия пуштибонӣ дидаанд, аммо субҳи рӯзи якшанбе нерӯҳои курд ҷангҷӯёнро аз шаҳр берун рондаанд.

XS
SM
MD
LG