Ссылки доступа

Федератсияи футболи Қирғизистон порагириро рад кард


Вакили порлумони Бритониё гуфт, ки Шайх Салмон ба Федератсияи футболи Қирғизистон барои ҳимоят аз номзадии ӯ ришва дода буд.

Федератсияи футболи Қирғизистон изҳори назари вакили порлумони Бритониё дар бораи он, ки гӯиё барои пуштибонӣ аз номзадии Шайх Салмон бин Иброҳим ал Халифа ба вазифаи раиси ФИФА пора гирифта бошад, бепоя донист.

«Ин ба ҷуз аз як қазияи сияҳкунии эътибори Халифа дар остонаи интихоби раиси федератсияи байналмилалӣ бештар набуд», - гуфт намояндаи Федератсия Наталя Угрюмова дар мусоҳиба бо Associated Press.

Ҳафтаи гузашта Дамиан Коллинз, узви порлумони Бритониё аз ҳизби муҳофизакор, ки замоне худ ҷонибдори ислоҳот дар ФИФА буд, дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт, далелҳои кофӣ дар бораи ришвадиҳии Шайх Салмонро дар ихтиёр дорад. Ба гуфтаи вай, Халифа ба федератсияи футболи Қирғизистон қабл аз интихоб шуданаш ба вазифаи раҳбари федератсияи футболи Осиё дар соли 2013 ришва додааст.

Худи Шайх Салмон ин иттиҳомро рад мекунад. Ин иддаои Коллинз ду рӯз пеш аз 26 феврал - рӯзи баргузории интихоботи раиси ФИФА садо дод. Дар ин интихобот Ҷонни Инфантинои швейтсариягӣ пирӯзӣ ба даст овард ва Шайх Салмон дувум шуд.

XS
SM
MD
LG