Ссылки доступа

Дар Бишкек каждум ба одамон ҳамла мекунад


Дар Бишкек дар як бинои истиқоматии навсохт дар ду рӯзи охир нафари дувум аз неши каждум маҷруҳ шудааст.

Ин бор марди 35-соларо каждум аз пояш неш задааст. Вай ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Дирӯз дар ҳамин бино писарбачаи 9-соларо каждум газида буд. Егор Борисов масъули бемористони Ёрии таъҷилии Бишкек мегӯяд, заҳри каждум дар қисмати гардани писарбача ҷамъ шудааст. Феълан ҳоли вай беҳтар аст ва падару модараш аз бистарӣ кардани фарзандашон худдорӣ намудаанд.

Борисов мегӯяд, пештар ҳам ҳамлаи каждумҳо дар биноҳои навсохт мушоҳида шудааст.

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ки ҳангоми ҳамлаи каждум бояд заҳри онро аз бадан берун кард, дар ҷойи нешзада оби сард гузошт ва ҳатман ба табибон муроҷиат намуд.

XS
SM
MD
LG