Ссылки доступа

Уламои Ӯзбекистон аз хатарҳои Интернет ҳушдор доданд


Идораи мазҳабии мусалмонҳои Ӯзбекистон (ИММ) дар сартосари ин кишвар дастурамали "Ҳимоят аз хатарҳои Интернет"-ро муаррифӣ мекунад.

Ин дастурамал дар охири соли 2015 нашр шуда, беҳтарин китоб эътироф гардидааст. Ба ҷуз аз кормандони ИММ намояндагони ВКД ва созмонҳои ҷамъиятӣ низ дар рӯнамоии ин дастурамал ширкат мекунанд.

ИММ мегӯяд, "ин дастурамал, ба вижа аз зарари бозиҳои компютерӣ, ки зӯроварӣ, ваҳшоният, беҳаёӣ, куштор ва танбалиро таблиғ мекунанд, ҷомеаро огоҳ месозад".

Дар ҳамин ҳол, Абдулазиз Мансур, муовини раиси Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон, ки ҳамзамон муаллифи китоб низ ҳаст, мегӯяд, ҳадафи дастурамал сиёҳсозии Интернет нест. Баръакс, ҳадафи он - истифодаи дурусти Интернет аст.

"Дар китоб усулҳои истифодаи дурусти Интернет зикр шудааст. Ҳамчунин дар он мисол оварда шудааст, ки ҷавонон бо хондани иттилои нолозим ва бовар кардан ба он дар зиндагӣ роҳгум задаанд. Мо талош кардем, ки аз ин ҳолатҳо пешгирӣ кунем", - мегӯяд шайх Абдулазиз Мансур.

Бино бар иттилои коршиносон, дар Ӯзбекистон наздики 11 миллион нафар, тақрибан 38 дарсади сокинон ба Интернет дастрасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG