Ссылки доступа

Чин чаҳор маҳкумшударо ба мақомоти Қазоқистон супурд


Пекин ба Остона чаҳор шаҳрванди Қазоқистон, ки дар Чин бо айби қочоқи маводи мухаддир ва қатл ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум шудаанд, истирдод кард.

Онҳо имрӯз аз шаҳри Урумчии Чин барои идомаи мӯҳлати ҷазо дар зиндонҳои Қазоқистон фиристода шуданд. Тасмими истирдоди онҳо ба Қазоқистон бар асоси дархости худи муҳкумшудагон сурат гирифтааст. Ному насаби шаҳрвандоне, ки ба Қазоқистон истирдод шуданд, хабар дода нашудааст.

Дар маркази матбуотии додситонии кулли Қазоқистон гуфтанд, ки дар миёни чаҳор истирдодшуда донишҷӯи қазоқистонӣ Акжаркин Турлибай нест. Акжаркин Турлибайи 22-сола дар моҳи марти соли 2014 аз сӯи пулиси Чин боздошт шуда буд. Дар моҳи июн вай барои талоши қочоқи маводи мухаддир ба ҳукми абад маҳкум шуд.

Созишномаи истирдоди шаҳрвандони маҳкумшуда ба маҳрумият аз озодӣ аз сӯи додгоҳҳои Қазоқистон ва Чин, ки 22 феврали соли 2011 имзо шудааст, дар моҳи ноябри соли 2013 аз тарафи Қазоқистон тасвиб шуд. Чин ин созишномаро дар моҳи июли соли гузашта тасвиб кард.

XS
SM
MD
LG