Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон: «Духтур ҳаргиз ҳаққи хато карданро надорад!»


Маркази тиббии «Истиқлол» дар пойтахти Тоҷикистон 4 март мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи ин маркази тиббӣ, ки дар Тоҷикистон бузургтарин аст, президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат кард.

Барои сохтмони маркази тиббии «Истиқлол» беш аз 11 миллион доллар сарф шуда, ин бемористон дорои 650 кат аст.

Дар маросими ифтитоҳи маркази нави тиббӣ зикр шуд, ки дар он 3,5 ҳазор духтур, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони дигари пизишкӣ кор хоҳанд кард.

Нахуст ин маркази тиббиро "Пойтахт-90" номгузорӣ карда буданд, аммо дар остонаи маросими ифтитоҳ бо дастури президент исми ин марказ ба “Истиқлол” табдил шуд.

Ба иттилои маркази матбуотии раҳбари кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар маросими ифтитоҳ гуфт, «духтури ҳақиқӣ бояд ҳалиму ғамхор ва хоксор бошад ва вазифаашро аз таҳти дил ва самимона иҷро кунад”. Дар зери акси бузурги президент дар даромадгоҳи маркази тиббӣ суханҳои вай – “Духтур ҳаргиз хаққи хато карданро надорад!” навишта шудааст.

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Тоҷикистон, дар маркази нави тиббӣ 620 таҷҳизоти нави пизишкии сохти Русия, Чин, ИМА, Ҷопон, Олмон, Финляндия ва Чехия насб шудааст.

XS
SM
MD
LG