Ссылки доступа

Дар Туркия омилони ҳалокати Ойлони сесола ҷазо гирифтанд


Додгоҳи Туркия ду суриягиро дар робита ба фавти панҷ нафар чаҳор сол зиндонӣ кард.

Дар миёни фавтидагон писараки сесолаи гурезаи суриягӣ бо номи Ойлони Курдӣ низ буд.

Дар соли 2015 акси Ойлон ғарқшуда дар соҳили баҳр дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, ба муҳокима ва таҳлили масъалаҳои марбут ба мавҷи бесобиқаи гурезаҳо аз Ховари Миёна ва Африқоро ба Аврупо доман зад.

Муфавақ Алабаш ва Осим Алфрҳадаро дар додгоҳи Бодрум муҳокима карданд, ки дар соҳили ин шаҳр ҷасади писарак пайдо шуда буд. Ин ду нафар дар қочоқи инсон, ки тавассути масири хатарноки баҳрӣ аз Туркия ба Юнон сурат мегирад, айбдор дониста шуданд.

То ҳол ба ҷазираҳои юнонӣ тавассути Туркия ҳазорон муҳоҷир ворид мешавад, ки бештарашон шаҳрвандони Сурияи ҷангзада ҳастанд.

XS
SM
MD
LG