Ссылки доступа

Қарори парвандаи нашрияи "Жас Алаш" бетағйир монд


Зинаи шикоятии додгоҳи шаҳрии Алмаатои Қазоқистон қарори парвандаи нашрияи "Жас Алаш"-ро бе тағйир боқӣ гузошт.

Шикояти нашрия аз болои ҳукми додгоҳи зинаи поёнӣ дар мавриди даъвои роҳбари маркази тибби тибетӣ Жасан Зекейулӣ рад шуд. Ҳамакнун сармуҳаррири нашрия Рисбек Сарсенбайулӣ, рӯзноманигори нашрия, хонандагони нашрия ва ду хешованди собиқи Зекейулӣ вазифадор шуданд, ки ба даъвогар 40 миллион танга (бештар аз 114 ҳазор доллар) ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ бипардозанд.

Баъди қарори зинаи болоии додгоҳ Жасан Зекейулӣ гуфт, аз муҳокимаи парванда розист ва пулҳоеро, ки аз айбдоршавандаҳо мерӯёнад ба ниёзмандон сарф хоҳад кард.

Сармуҳаррири нашрияи "Жас Алаш" Рисбек Сарсенбайулӣ хабар дод, ки ба зинаҳои болотари додгоҳӣ шикоят хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG