Ссылки доступа

Ҳунармандони қирғиз дар ҷашнвораи Эрон ширкат карданд


Аз 3 то 5 март дар Теҳрон ҷашновари байналмилалии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба ҷашни “Наврӯз” баргузор шуд.

Ин чорабинӣ ба ибтикори Дафтари мероси фарҳангӣ, ҳунармандӣ ва сайёҳии Эрон ва ҳамчунин Маркази теҳронии ҳифзи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО доир гашт.

Дар чорабанӣ ҳунармандони мардумӣ, тарроҳон ва намояндаҳои созмонҳо ва сандуқҳои фарҳангӣ аз Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Индонезия, Арманистон ва кишварҳои дигар ширкат карданд.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, раҳбарияти Сандуқи ҷамъиятии “CFCSARC-kg” – Маркази анҷумани ҳимояти ҳунарҳои мардумӣ дар Қирғизистон ва ҷашновараи байналмилалии ҳунарҳои мардумии “Оймо” дар ин чорабанӣ аз Қирғизистон намояндагӣ карданд.

Дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора ҳамоиши бахшида ба масъалаҳои ҳифзи боигарии мардумиву фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд. Ҳадафи асосии ин ҳамоиш таблиғ ва ҷалби таваҷҷӯҳи кӯдакон ба таърих ва фарҳанг тавассути шинохти ҳуввияти миллии худ бо истифода аз бозичаҳои миллӣ ва лӯхтакҳо буд.

“Дар маҳалли баргузории ҷашнвора дар осорхонаи миллии Эрон ширкаткунадаҳо аз Қирғизистон намоеро бо бозичаҳои миллии қирғиз ба монанди лӯхтакҳои ҷонварон ва ғайраро ба намоиш гузоштанд. Ҷолиб аст, ки намои Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷӯҳи меҳмонон, тарроҳон ва ширкаткунандаҳои ҷашнвораро бо беҳамто буданаш, сифат ва рангорангии худ ҷалб кард”, - омадааст дар хабар.

XS
SM
MD
LG