Ссылки доступа

Мария Шарапова хатои худро эътироф кард


Теннисбози машҳури русиягӣ дар истеъмоли доруҳои манъшуда ба даст афтод.

Теннисбози русиягӣ Мария Шарапова хабар дод, ки аз санҷиш барои истифодаи доруҳои манъшуда дар мусобиқоти кушодаи Австралия-2016 нагузаштааст.

Зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ дар Лос-Анжелес Шарапова эътироф кард, ки дар 10 соли ахир ба сабаби бемориҳояш доруи мелдонийро истеъмол мекард, ки аз 1 январи соли 2016 истеъмоли он барои варзишгарон манъ карда шуд. “Ман барои ин кор ҷавобгарам... Ман хатои калон кардам... Ман намехоҳам ба ин шакл фаъолияти варзишгариамро поён диҳам ва умедворам бароям боз як имконият дода мешавад, ки дар бозии теннис боқӣ монам”, - гуфт Шарапова.

Теннисбози 28-сола ва ғолиби 5 мусобиқаи Сарпӯши бузург ҳанӯз намедонад, ки ӯро чӣ гуна ҷазо медиҳанд.

Рӯзи душанбе эълон шуд, ки барои истеъмоли ҳамон доруи мелдоний варзишгари руси рӯи ях Екатерина Боборова ва шарикаш Дмитрий Соловев аз ҳақи ширкат дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар ИМА маҳрум карда шуданд.

Истифода аз ин доруи манъшуда аллакай дар хуни чанд варзишгари рус ошкор шудааст. Дар миёни онҳо волейболбоз Александр Маркин ва давандаи рӯи ях Павел Кулижников ҳастанд. Мелдоний доруи гурӯҳи гормонҳо ва ангезандаи метаболизм аст. Онро ба хотири тақвияти имконияти ҷисмониву равонии инсон истеъмол мекунанд.

XS
SM
MD
LG