Ссылки доступа

То 9 соли ҳабс барои саррофии ғайриқонунӣ


Парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имрӯз қабул кард.

Бар асоси ин тағйир барои муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ аз 4 то 9 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Пештар Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки барои муомилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шавад. Ҳадаф аз ин тағйиротро Бонк - пешгирӣ аз болоравии қурби асъори хориҷӣ унвон карда буд.

Дар ҳамин ҳол, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи охири блоки иқтисодии ҳукумат гуфт, қурби пули миллиро дар баробари асъори хориҷӣ асосон шахсони манфиатдор ба таври сунъӣ пойин меоранд.

XS
SM
MD
LG