Ссылки доступа

Зани ӯзбек дар зиндони Ҳиндустон таваллуд кард


Дар Ҳиндустон як зани ӯзбекистонӣ, ки барои надоштани виза зиндонӣ шудааст, таваллуд кард, хабар медиҳад нашрияи Press Trust of India.

Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар зиндони Бҳопал барои бе виза буданаш зиндонӣ аст, духтарчаеро ба дунё овард.

Шаҳрванди 35-солаи Ӯзбекистон соли гузашта барои бе виза ворид шудан ба кишвар боздошт шуда буд. Ба иттилои расонаҳо, Барно Ҷӯраева 9 декабри соли 2015 дар наздикии шаҳри Ҷадхедӣ боздошт шудааст.

Баъд аз он, ки зан аз дардҳояш шикоят кард, ӯро 5 март ба бемористон оварданд ва рӯзи дигар вай дар он ҷо таваллуд кардааст.

Вақте Барноро ба зиндон оварданд, вай дар шашумин моҳи ҳомиладорӣ буд. Ба иттилои пулис, вай 6 декабр пиёда аз Непал ба Ҳиндустон барои мулоқот бо нафаре омадааст, ки барояш дар гирифтани виза ваъдаи кумак кардааст.

Ҳоло модари таваллудкарда интизори ҳукми додгоҳ аст.

XS
SM
MD
LG