Ссылки доступа

Номзадҳои "беруншуда" аз Назарбоев мадад хостанд


Имрӯз дар Остонаи Қазоқистон номзадҳо ба маҷлиси шаҳрӣ, ки аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум шуданд, ба президенти он кишвар Нурсултон Назарбоев муроҷиат карданд.

Номзадҳо аз президент хостанд, амали комиссияи шаҳриро, ки номзадии онҳоро бекор кардааст, ғайриқонунӣ эълон кунад. Онҳо аз президент даъват карданд, ки "беамалии Комисияи марказии интихоботӣ"-ро баҳо ва қонуни интихоботро тағйир диҳад.

Ҳамаи номзадҳои худпешбари ҳамакнун собиқи Қазоқистон - Аида Ҷексенова, Фотима Ҷандосова, Давлат Кудайбергенов ва Алмат Салгаринро ё эъломияҳои андозашон ва ё иқтибоси ҳиссагузории нафақаашон норасоӣ доштааст. Аммо худи номзадҳо мегӯянд, ба хотири фаъол буданашон дар корзори интихоботӣ аз мубориза берун карда шудаанд.

Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон аз ширкат дар сабқат маҳрум шудани ин номзадҳоро тасдиқ кард. Узви комиссия Марат Сарсенбоев мегӯяд, номзадҳое, ки "ҳуҷҷатҳои молии худро идора карда наметавонанд", аз эҳтимол дур аст, ки "саҳми худро дар идораи умури молии давлат бигзоранд".

XS
SM
MD
LG