Ссылки доступа

Таркиш дар Анкара 34 қурбонӣ ва даҳҳо маҷруҳ дар пай дошт


Шаби якшанбе дар Анкара, пойтахти Туркия таркиш рух дода, 34 кушта ва 125 маҷруҳ бар ҷой гузошт. Ин маълумотро мақомоти Туркия эълон карданд.

Таркиш дар истгоҳи автобусҳои наздикии хиёбони Отатурк, дар атрофи майдони марказтт Анкара рух додааст. Тавре расонаҳои он кишвар хабар медиҳанд, ба эҳтимоли зиёд мошини бомгузоришуда таркидааст.

Ин севумин таркиши азим аст, ки дар панҷ моҳи охир дар Туркия рух медиҳад. Ҳамагӣ 3 ҳафта пеш дар Анкара ба автобуси ҳомили низомиён ҳамла шуд. Дар пайи он ҳамла 29 сарбоз кушта гардид. Дар моҳи октябри соли 2015 як террористи маргталаб худро тарконд ва бештар аз 100 нафари дигарро кушт.

XS
SM
MD
LG