Ссылки доступа

Москва аз баёнияи вазири лаҳистонӣ интиқод кард


Москва аз баёнияи вазири мудофиаи Лаҳистон Антоний Мачеревич, ки гуфт суқути ҳавопаймои президенти Лаҳистон дар соли 2010 "амали террористии Русия" буд, интиқод кард.

Тафтишоти расмии Лаҳистон ва Русия муайян кард, ки ҳавопаймо бо президенти Лаҳистон Лех Качински дар наздикии Смоленск дар пайи иштибоҳи халабонҳо, ки талош карданд дар шароити тумани сахт ҳавопайморо ба замин нишонанд, суқут кардааст.

Дар ҳамин ҳол, вазири мудофиаи Лаҳистон Антоний Мачеревич гуфт, ки ҳадафи ҳодиса дар наздикии Смоленск маҳрум кардани Лаҳистон аз раҳбароне, ки кишварро ба самти истиқлол мебурданд, иборат будааст.

“Ин мо нахустин қурбониёни терроризм дар солҳои 1930 шудем ва баъд аз Смоленск метавонем бигӯем, ки мо ҳамчунин нахустин қурбонии бузурги терроризм дар даргириҳои муосир шудем, ки дар назари мо рух медиҳанд”, - гуфт Мачеревич.

Дар Русия ин баёнияи вазири мудофиаи Лаҳистонро беақлӣ номиданд. “Баёнияи бемасъулияти Мачеревич, ки ба вайрон кардани робитаҳои бе ин ҳам душвори миёни кишварҳои мо равона шудааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба умедвориҳои пештар садододаи Варшава дар бораи рушди ҳамкориҳои судманд пайвандӣ надорад”, - омадааст дар баёнияи ВКХ Русия.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков баёнияи вазири мудофиаи Лаҳистон Антоний Мачеревичро “беасос ва ғаразнок” номид.

XS
SM
MD
LG