Ссылки доступа

Порошенко бо вакилони дифои Надежда Савченко мулоқот кард


Президенти Украина Петр Порошенко бо вакилони дифои сарбози украинӣ Надежда Савченко мулоқот кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Украина хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Порошенко, вакилони дифоъ корҳои имконпазирро на танҳо барои тасдиқи бегуноҳии Надежда анҷом медиҳанд. “Шумо дар шароити душвор ҳастед. Аммо бо талоши мову шумо ба ҷаҳониён беасос будани ҳамаи айбҳои Русия бар зидди Надежда Савченко намоиш дода шуд”, - зикр кард президент Порошенко.

Вай ҳамчунин гуфт, ҳоло дар мавриди роҳандозии таҳримҳои “рӯйхати Савченко” ба таври фаъолона машваратҳое анҷом медиҳад. Раиси ҷумҳур бори дигар таъкид кард, ки омода аст аз тамоми салоҳиятҳои қонунии худ барои таъмини бозгашти Надежда Савченко ба ватанаш истифода кунад.

XS
SM
MD
LG