Ссылки доступа

Пирӯзии Трамп ва Клинтон дар интихоботи ибтидоӣ


Доналд Трамп аз ҷумҳурихоҳон ва Ҳилларӣ Клинтон номзади демократҳои Амрико мавқеи худро барои номзад шудан дар интихоботи ИМА аз ҳизбҳои худ тақвият доданд. Трамп ва Клинтон ҳадди ақал дар се иёлати Амрико дар интихоботи ибтидоӣ соҳиби имтиёз шуданд.

Муҳимтарин нукта барои соҳибкори миллиардер Доналд Трамп пирӯзӣ дар иёлати Флорида буд, ки вай онҷо 46 дарсади раъйи ҷумҳурихоҳонро соҳиб шуд. Рақиби Трамп -- Марко Рубио баъди шикаст дар иёлати Флорида эълон кард, ки аз идомаи мубориза даст мекашад.

Ба ин тартиб Доналд Трамп дар иёлоти Иллиной, Каролинаи Шимолӣ ва Миссурӣ ҳам пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳилларӣ Клинтон низ дар иёлоти Огайо, Флорида ва Каролинаи Шимолӣ соҳиби имтиёз шуд.

Натиҷаи интихоботи ибтидоии рӯзи сешанбе далолат мекунад, ки ба эҳтимоли зиёд Ҳилларӣ Клинтон номзади Ҳизби демократӣ дар интихоботи президентӣ шавад. Доналд Трампро зарур аст барои номзад шудан аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон 1237 раъйи дигар ба даст орад.

XS
SM
MD
LG