Ссылки доступа

Бишкек: Ҷумҳурии Чех мехоҳад, дар Қирғизистон нерӯгоҳ созад


Раиси порлумони Қирғизистон Асилбек Жээнбеков аз ҳосил шудани қарордоди муқаддамотӣ бо Ҷумҳурии Чех дар бораи сохтмони нерӯгоҳ дар Қирғизистон хабар дод.

Дар ин бора Жээнбеков дар Бишкек баъд аз имзои баёнияи муштарак бо раиси палатаи вакилони порлумони Ҷумҳурии Чех Ян Ҳамачек хабар дод. Ба гуфтаи Жээнбеков, ширкатҳои чехӣ омодаанд, барои сохтмони ду нерӯгоҳи кӯчак дар Қирғизистон қариб 190 миллион доллар сармоягузорӣ кунанд, хабар медиҳад бахши қирғизии Озодӣ. Ҳамачек дар ҳамоиши тиҷоратии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Чех ширкат кард, ки дирӯз баргузор шуд.

Дар моҳи декабри соли гузашта ба сабаби вайрон шудани ноқилҳо кори чархаҳо дар нерӯгоҳи Токтогул қатъ шуд ва Қирғизистон дар бораи харидории нерӯи барқ бо Қазоқистон гуфтушунид анҷом дод. Дар моҳи январ Қирғизистон ва Русия ба сабаби “вазъи бади иқтисодӣ” дар Русия қарордод дар бораи сохтмони нерӯгоҳи Қамбарота-1 ва силсилаи нерӯгоҳҳо дар Норини болоиро бекор карданд.

XS
SM
MD
LG