Ссылки доступа

Созишномаи ҳамкориҳои амниятии Эрону Тоҷикистон тасвиб шуд


Қарордоди ҳамкории миёни Эрон ва Тоҷикистон дар заминаи мудофиа ва амният ба ҳукми иҷро даромад. Ин ҳуҷҷатро 17-уми март президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо имзои худ қонунӣ кард.

Тарҳи ин созишнома ба замоне рост омад, ки миёни ду кишвар як ихтилофи дипломатӣ рух дод. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз даъват шудани раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ барои ширкат дар кори ҳамоиши байналмилалӣ дар Теҳрон ба Эрон нотаи эътирозӣ фиристод.

Посухи Эрон эълон нашуд ва ВКХ Тоҷикистон онро шарҳ надодааст. Аммо ба иттилои сомонаи расмии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ин ихтилоф ҳал шуд ва гуфта мешавад, ки Эрон ба бад шудани робитаҳояш бо Тоҷикистон манфиатдор нест.

XS
SM
MD
LG