Ссылки доступа

Нархи нафт ба ҳадди баландтаринаш дар соли ҷорӣ расид


Арзиши нафте, ки дар ИМА истихроҷ мешавад, 17 март ба баландтарин нуқта дар соли ҷорӣ расид. Арзиши он чаҳоруним фоиз бештар шуда, ба 40 доллар барои як бушка нафт баробар шуд. Ин болотарин арзиши нафт аз 3 декабри соли 2015 то ҳолост.

Сабаби ин болоравӣ афзоиши талабот ба бензин дар ИМА унвон мешавад. Ҳамчунин сабаби дигари ин болоравӣ ҳамоиши 17-уми апрели кишварҳои истихроҷкунандаи нафт дар Қатар аст, ки дар миёни онҳо Арабистони Саудӣ ва Русия низ ҳастанд. Интизор меравад, ин кишварҳо бори нахуст дар 15 соли ахир эҳтимоли кам кардани ҳаҷми истихроҷи нафтро баррасӣ кунанд. Чунин коҳиш аз паст рафтани нархи нафт пешгирӣ мекунад.

Ба ғайр аз ин, бо сабаби воридоти нафти бисёр ба бозор истихроҷи нафти слантсӣ дар ИМА кам мешавад. Сабаби дигари афзоиши нархи нафтро ба тасмими Бонки Марказии ИМА дар бораи худдорӣ аз афзоиши ҳаҷми бозпардохт пайванд медиҳанд. Ҳар қадар ҳаҷми бозпардохт кам карда шавад, доллар ҳамон қадар заифтар мегардад. Доллари арзон ба афзоиши қиммати ашёи хоми маводи сӯхтӣ сабаб мешавад.

XS
SM
MD
LG