Ссылки доступа

Дар Қирғизистон талаб доранд, ки барқ арзон шавад


Дар шаҳри Токтогули Қирғизистон бо талаби паст кардани арзиши барқ эътироз баргузор шуд. Норозиён ҳамчунин ба коркарди кони тилои Узун-Акмат зиддият нишон доданд. Дар ин бора ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ Мирғозӣ Озубеков, яке аз ширкатдорони эътироз хабар дод.

Ба гуфтаи Озубеков, сокинони маҳаллӣ мехоҳанд барқро бо арзиши аслиаш дарёфт кунанд.

Сокинони Токтогул мегӯянд, ин нахустин эътирози онҳо барои кам кардани арзиши барқ нест. Дар соли 1998 ноҳияи Токтогул ва деҳаи Жази-Кечуу соҳиби мақоми махсус шуданд. Биноан, бояд сокинони ноҳия барқро бо арзиши аслиаш дарёфт кунанд. Дар соли 2011 Алмосбек Отамбоев, ки он замон сарвазири кишвар буд, ба қонунҳо тағйир ворид кард. Ва акнун ҳукумат мақоми махсуси ноҳия ва деҳаро бекор карда, ҳуқуқи 115 ҳазор сокинро поймол месозад.

Ҳокими ноҳия Майорбек Сотиқулов назди эътирозгарон баромадааст.

Сокинони маҳаллӣ ҳамчунин мегӯянд, кони Узун-Акмат дар солҳои 50-уми асри гузашта коркард шудааст, баъди пайдо шудани уран дар он, баста шудааст. Тибқи иттилои мавҷуда, дар 18 гектар масоҳати кон то 69 килограм тило мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG