Ссылки доступа

Швейтсария зидди мудири пешини ФИФА парванда кушод


Швейтсария таъқиби ҷиноии дабири кулли пешини Федератсияи байналхалқии футбол (ФИФА) Жером Валкеро оғоз кард.

Тавре додситонии кулли Швейтсария хабар медиҳад, Валке ба "бефаъолиятии ҷинояткорона" айбдор мешавад. Валке боздошт нашудааст, аммо муфаттишон ӯро бозпурсӣ карданд. Муфаттишон мегӯянд, парванда дар асоси ду муроҷиати кумитаи ахлоқи ФИФА боз шудааст.

Дар моҳи сентябр Валке муваққатан аз мақомаш барканор шуд. Кумитаи ахлоқи ФИФА ӯро барои расонидани "зарари калони молӣ" аз кори марбут ба футбол дар 12 соли оянда маҳрум кард.

Пештар додситонии Швейтсария алайҳи Йозеф Блаттер, ки сардори Валке ба ҳисоб мерафт, бо ҳамин айб парванда боз карда буд.

XS
SM
MD
LG