Ссылки доступа

Э. Раҳмон: Наврӯз бо ҳеҷ дин ё мазҳабе вобаста нест


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Наврӯз бо ҳеҷ дин ё мазҳабе вобаста нест ва ин як ҷашни фарҳангиест, ки аз расму русуми башардӯстона ва сулҳхоҳона иборат аст.

Дар суханрониаш дар назди ширкаткунандагони Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Наврӯз бо эҳёи одатҳои зебопарастӣ, меҳмоннавозӣ, накӯкорӣ ва ҷасорат дар қалби мардум, табиатро зинда карда, аз пирӯзии равшанӣ бар зулмот, гармӣ бар сардӣ хабар медиҳаду муҳаббати инсонро ба ҳаёт бештар мекунад.

“Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз мардум ба тоза кардани манзили худ, тамиз кардани хиёбонҳо ва кӯчаҳо, боғу майдонҳо машғул мешаванду бо пӯшидани либоси нав ҳамдигарро бо фарорасии соли нав, омадани баҳор ва оғози корҳои саҳроӣ табрик мекунанд”, - гуфт Раҳмон.

Интизор меравад дар чаҳорчӯби ҷашни Наврӯз меҳмонҳои Ҳамоиши байналмилалии ҳавзаи Наврӯз аз шаҳри қадимии Панҷакент дидан ва аз мақбараи асосгузори назми форсиву тоҷикӣ Абӯабдуллои Рӯдакӣ зиёрат кунанд. Ҳамчунин ширкаткунандаҳои ин ҳамоиш ба ноҳияи Дарвоз сафар карда, аз хона-музейи шоири саршиноси тоҷик Мӯъмин Қаноат дидан мекунанд. Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш ҳамчунин намоишгоҳи осори рассомон ва китобҳо доир мешавад.

XS
SM
MD
LG