Ссылки доступа

СПАД аз вазъи марзи миёни Қирғизистону Ӯзбекистон нигарон аст


Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон 22-уми марти соли 2016 ҷаласаи фаврии Шӯрои доимии Созмони Паймони амнияти дастиҷамъӣ баргузор шуд, хабар медиҳад маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Намояндаи доимӣ ва комилҳуқуқи Қирғизистон дар назди СПАД Аман Мамбетсеитов ба ҳозирин дар бораи вазъият дар минтақаи баҳсноки марзи миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар ноҳияи Оқсойи вилояти Ҷалолобод гузориш дод.

Аъзои Шӯрои доимии СПАД аз ташаннуҷи вазъият дар марзи миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон изҳори нигаронӣ карданд. Қарор шуд, идомаи ин вазъият назорат карда шавад. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд, ки аъзои Шӯрои доимӣ 23-уми марти соли ҷорӣ ин ҷаласаро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG