Ссылки доступа

Сурия, Украина ва Савченко аз мавуъҳои асосии сафари Ҷон Керрӣ ба Москва аст


Имрӯз Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад.

Мавзуъҳои асосии баррасишавандаи Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ дар Москва Сурия ва Украина хоҳад буд. Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад, ки дар мулоқот бо мақомоти Русия ҳамчунин мавзӯи озод кардани Надежда Савченко ҳатман матраҳ мешавад. Дар Вашингтон мегӯянд, ҳукми 22 соли зиндони сарбози украинӣ қарори ноадолатона аст. Департаменти давлатӣ меафзояд, боз як мавзӯи баррасишаванда ин иҷрои созишномаи Минск ва бад шудани вазъият дар Донбасс хоҳанд буд.

Имрӯз Ҷон Керрӣ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва сипас бо президент Владимир Путин мулоқот мекунад. Дар Департаменти давлатӣ хабар доданд, ки шоми 24-уми март Керрӣ ҳангоми ғизои шом бо раҳбари вазорати корҳои хориҷии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер сӯҳбат мекунад. Ин мақоми олмонӣ як рӯз пеш бо президент Путин мулоқот кардааст.

XS
SM
MD
LG