Ссылки доступа

Қаҳрамони ҷаҳон-2018: Тоҷикистон бо Австралия рақобат мекунад


Имрӯз, 24 март, мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гуруҳи "В" бо Австралия рақобат мекунад.

Бозии дастаҳои мунтахаби Австралия ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Аделаида Овал» соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (14:00 — ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Мубин Эргашев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ, ки пеш аз бозӣ бо мунтахаби Австралия доир шуд, ба хабарнигорон гуфт, нисбат ба бозии аввал, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе барпо гардида буд, дар бозии ҷавобӣ дар ҳайати даста тағйирот ба амал омадааст. Ӯ гуфтааст, ки ба даста ҳоло ҷавонон даъват шудаанд.

“Вазифаи аввалиндараҷаи мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфтан аст. Мутаассифона, тақвими бозиҳо ба манфиати мо нашуд. Мо сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018-ро бо ду бозии мураккаб анҷом медиҳем. Бозии асосии ин марҳила рӯзи 29 март дар хона бо мунтахаби Қирғизистон мебошад. Ин бозии тақдирсоз аст ва аз он ба марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии Осиё-2019 мустақим ва ё тавассути бозиҳои интихобӣ баромадани мо бастагӣ дорад”, - гуфт Мубин Эргашев.

XS
SM
MD
LG