Ссылки доступа

Барак ва Мишел Обамаҳо дар Аргентина танго рақсиданд (видео)


Президенти ИМА Барак Обама ва ҳамсараш Мишел дар меҳмонии расмӣ дар Буэнос Айреси Аргентина бо раққосони касбӣ рақси танго рафтанд. Ин меҳмониро президенти Аргентина Маурисио Макрӣ ташкил карда буд.

Хабаргузории ABC News иттилоъ медиҳад, ки вақте раққосаи касбӣ Обамаро ба рақс даъват кард, Обама нахуст ин даъватро напазируфт, аммо билохира ба рақс баромад. Баъдан Мишел Обама ҳам бо раққоси касбӣ рақсид.

Барак Обама баъди Куба ба Аргентина сафар кард. Дар 20 соли охир ин нахустин сафари расмии президенти ИМА ба Аргентина аст.

XS
SM
MD
LG