Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кори маҷлиси нав оғоз ёфт


Имрӯз ҷаласаи нахустини палатаи поёнии маҷлиси порлумони Қазоқистон баргузор ва узви ҳизби “Нур Отан” Бакиткожа Измухамбетов раиси он интихоб шуд.

То интихобаш ба ин вазифа Измухамбетови 67-сола ҳокими вилояти Атирау буд. То раҳбарии вилоят вай дар вазифаи муовини раиси маҷлис кор карда, аз соли 2008 то соли 2012 вазифаи ҳокими вилояти Қазоқистони Ғарбиро ба зимма дошт.

Дар интихоботи 20-уми март ба порлумон се ҳизб роҳ ёфтанд. Ҳизби президентии “Нур Отан” тибқи натиҷаҳои расмӣ 82,20 дарсади овози интихобкунандаҳоро соҳиб шуд. Ҳизби ҳукуматгарои “Ак жол” (7,18) ва Ҳизби халқии коммунистии Қазоқистон (ҲХКҚ) (7,14) низ дар маҷлис вакил доранд.

Ҷаласаи нахустини порлумони даъвати шашум имрӯз бо ширкати раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев оғоз шуд.

Дар миёни 107 вакили маҷлиси порлумон 84 вакил аз ҳизби “Нур Отан”, ҳафт вакилӣ аз ҲХКҚ ва “Ак жол” ва ҳамчунин нӯҳ вакил аз Анҷумани халқҳои Қазоқистон ҳастанд. 40 дарсади вакилони маҷлиси имрӯзӣ дар маҷлиси гузашта низ вакилӣ мекарданд. Маҷлиси пешин дар моҳи январи соли ҷорӣ аз президент “хоҳиш” карда буд, ки пароканда карда шавад.

XS
SM
MD
LG