Ссылки доступа

Додгоҳи Қарағанда се "таблиғӣ"-ро маҳкум ба зиндон кард


Додгоҳи ноҳиявии Қазибекбийски Қарағанда имрӯз ҳукми се сокини вилояти Қарағандаи Қазоқистронро содир кард. Онҳо тибқи моддаи 405 кодекси ҷиноятӣ - "Ташкили иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё созмони дигар, ки фаъолияти онҳо бо қарори додгоҳ ба хотири фаъолиятҳои ифротгароёнаву террористӣ манъ шудааст" айбдор дониста шуданд.

Раҳбари эҳтимолии ин ҳалқаи созмони дар Қазоқистон манъшудаи "Ҷамоати Таблиғ" Айдин Шакентаевро додгоҳ ба дувуним соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Ду айбдоршавандаи дигар -Мурат Шопенов ва Бауиржан Сериков ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуданд. Тибқи ҳукми додгоҳ адои мӯҳлати ҷазо аз замони боздошти онҳо дар моҳи октябри соли 2015 ҳисоб карда мешавад.

Дар моҳи гузашта додгоҳ дар Остона панҷ нафари айбдоршавандаи ҳамдастӣ бо "Ҷамоати Таблиғ"-ро аз ду то дувуним сол зиндонӣ карда буд.

Фаъолияти созмони "Ҷамоати Таблиғ" дар Қазоқистон бо иттиҳоми ифротгароӣ ва нақшаи бунёди хилофтаи исломӣ аз моҳи феврали соли 2013 манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG