Ссылки доступа

Гаравгонони тоҷик аз асорати афғонҳо озод шуданд


Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар дасти қочоқбарони афғон гаравгон афтода буданд, баъди гуфтугӯҳои тӯлонӣ озод шуданд.

Дар натиҷаи гуфтугӯи серӯза, ки мақомоти Тоҷикистон бо намояндагони қочоқбарони афғон доштанд, ду шаҳрванди Тоҷикистон аз асорат раҳо шуд. Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз, 29 март, ба ватан баргардонида мешаванд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, музокироти озодсозии гаравгононро аз як тараф мақомоти тоҷик ва афғон ва аз тарафи дигар қочоқбарон анҷом додаанд.

Як манбаъ аз мақомоти маҳаллӣ хабар дод, ки қочоқбарон дар ивази раҳоии ду шаҳрванди Тоҷикистон озодии ду ҳаммаслаки худро, ки дар боздоштгоҳи Кӯлоб нигаҳдорӣ мешаванд, талаб кардаанд. Ҳанӯз дақиқ нест, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ивази раҳоии қочоқбарони афғон озод шудаанд, ё дар ивази маблағ ва ё дар асоси созиши қочоқбарон бо мақомоти Афғонистон.

Шаҳрвандони Тоҷикистон 25 март дар минтақаи наздимарзии сохтмони роҳи мошингарди Шоҳон-Зиғар рабуда шуданд. Дар ҳамлаи қочоқбарони афғон як роҳсоз маҷруҳ шуда буд.

XS
SM
MD
LG