Ссылки доступа

Вакили дифоъ: вазъи Савченко мӯътадил аст, аммо вазнаш кам мешавад


Вазъи саломатии Надежда Савченко, ки бо қарори додгоҳи Русия ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст, ҳоло мӯътадил шуда, вале ҳамарӯза 400-500 грамм вазнашро аз даст медиҳад.

Дар ин бора вакили ҳимояташ Николай Полозов дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст. Вай зикр мекунад, ки ҳукми Савченко 5-уми апрел қонунӣ мешавад ва 6-уми апрел вай мехоҳад гуруснанишинии хушкро дубора шурӯъ кунад. Яъне, аслан об нанӯшад. Полозов афзудааст, ки Савченко намехоҳад аз ҳукмаш ба додгоҳи таҷдиди назар муроҷиат кунад ва ба ҳимоятгаронаш анҷоми ин корро манъ кардааст. Ба навиштаи вай, вакилон натавонистанд тасмими гуруснанишиниашро низ тағйир диҳанд.

22-уми март додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростов Савченкоро бо айбномаи ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори рус дар шарқи Украина гунаҳгор дониста, ӯро ба мӯҳлати тӯлонӣ зиндонӣ кард. Вай айбномаро рад мекунад.

Президенти Украина Петр Порошенко парвандаи додгоҳии сарбози украиниро “муҳокимаи шармандавор” номида, изҳори омодагӣ кард, ки Савченкоро ба шаҳрвандони рус Александр Александров ва Евгений Ерофеев, ки дар Донбасс боздошт шудаанд, иваз кунад.

XS
SM
MD
LG