Ссылки доступа

FBI телефони террористро бе ёрии Apple боз кард


Вазорати адлияи ИМА хабар дод, даъвои додгоҳии зидди ширкати Apple-ро пас гирифтааст. Пештар мақомоти Амрико аз ин ширкат хоста буданд, рамзи махфии телефонеро диҳад, ки соҳибаш ҳамлаи террористиеро дар шаҳри Сан-Бернардинои иёлати Калифорния дар моҳи декабри соли ташкил карда буд.

Намояндаи ин вазорат хабар дод, ки рамзи махфии телефонро бо дархости мақомоти амрикоӣ коршиносони як ширкати амрикоӣ тавонистаанд, муайян кунанд. Исми ширкат ошкор карда нашудааст. Бозрасон ҳоло “иттилои маҳфузшуда дар бойгонии телефонро тибқи муқаррароти мавҷуда таҳлил мекунанд”.

Ихтилофи миёни вазорати адлия ва ширкати Apple замоне расонаӣ шуд, ки бозрасон бо ҳукми додгоҳ аз ин ширкат хостанд рамзи махфии телефони Саид Ризвон Форуқро барояшон диҳад. Саид Ризвон яке аз ду ҳамлагароне буд, ки дар пайи амали террористии онҳо 12 нафар кушта ва 22 нафар захмӣ шудаанд.

Форуқ якҷо бо оилааш ба сӯи ҳамкорони собиқаш тирпарронӣ кард. Ниҳодҳои амниятӣ, ки машғули таҳқиқи робитаҳои ҳамлагарон мебошанд, мегӯянд, ки эҳтимол дорад дар хотираи ин телефон иттилои муҳиме сабт шуда бошад. Apple ба додгоҳи болоӣ муроҷиат карда, иддао дошт, ки талаби таҳқиқот ин аст, ки тавассути ин рамз мақомот метавонад, ба миллионҳо телефонҳои ҳамроҳ дастрасӣ пайдо кунанд.

Баррасии додгоҳии муайянсозии марзи дахлнопазирии иттилооти хусусӣ анҷом наёфтааст. Мақомоти федералӣ аз ширкати Apple дастрас кардани рамзҳои боз даҳ телефони дигарро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG