Ссылки доступа

"Ҷиҳодиён" Назарбоевро таҳдид карданд


Марат Мавлонов, сокини ноҳияи Қозигурти вилояти Ҷанубии Қазоқистон, ки ҳамроҳ бо хонаводааш ба Сурия рафтааст, бо як навори видеоӣ ба мақомоти Қазоқистон муроҷиат кард. Ин навори видеоӣ тавассути паёмакрасони WhatsApp паҳн шудааст.

Дар ибтидои навори чаҳордақиқаии "Паёме аз дил ба замини Қазоқистон" марди мусаллаҳи ришдор, ки дар симои ӯ сокинони Қозигурт Марат Мавлоновро шинохтаанд, ҳамроҳ бо марди дигаре, ки худро "Ринат Жумабеков" меномад, пайдо мешавад. Дар ин навор онҳо бо забони русӣ суҳбат мекунанд.

Ин ду мард нақл мекунанд, ки ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон ба "замини хилофат" омадаанд ва фарзандонашонро он ҷо "дарси шариат" меомӯзонанд. Мавлонов Қазоқистонро "Куфристон" меномад ва мегӯяд, "барои демократияву шайтон" мубориза намебарад, балки "барои барқарории сухани Худо меҷангад".

Моҳи сентябри соли гузашта хабари ба Сурия рафтани Марат Мавлонов ҳамроҳи хонаводааш паҳн гардид. Ҳамсояҳои Марат Мавлонов мегӯянд, ки вай омӯзгори забони русӣ буд. Вай гуфтааст, ки ҳамроҳи ҳамсар ва 6 фарзандаш ба Бишкек ба хотири харидани либос меравад.

XS
SM
MD
LG