Ссылки доступа

Масъалаи кӯҳи Ункур-Тоо ба порлумон кашонда шуд


Ҳамоиши мухолифон, ки бояд имрӯз дар Бишкек баргузор мешуд, барпо намешавад. Дар ин бора Мамбетжунус Абилов, узви шӯрои ҳамоҳангкунии “Нерӯҳои ватанхоҳи Қирғизистон” хабар дод.

Ба гуфтаи вай, сабаби баргузор нашудани ин ҳамоиш баррасии масъалаи кӯҳи Ункур-Тоо дар кумитаи корҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти порлумон будааст. “Мо интизори иҷрои дастурҳои кумитаи порлумонӣ ҳастем. Агар ин дастурҳо то 20-уми апрел иҷро нашаванд, он вақт ҳамоиш баргузор мекунем”, - хабар дод вай.

29-уми март ин кумитаи порлумон масъалаи кӯҳи Ункур-Тоо-ро паси дарҳои баста баррасӣ кард. Натиҷаи ин ҷаласа дастур ба ҳукумат барои беҳтар кардани фаъолияти РРС-24 “Кербен” дар кӯҳи Ункур-Тоо шуд.

Кумита ҳамчунин ба Додситонии кул дастур дод, то дурустии санадеро тафтиш кунад, ки гӯиё онро ҳукумат ба вакилони маҷлиси шаҳрии Кербен ирсол карда бошад. Дар хадамоти матбуотии ҳукумат ин иттилоъро рад карда, санади дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншударо сохта номиданд. Кумитаи порлумонӣ дастур дод, ки то 20-уми апрел ҳамаи паҳлуҳои ин масъала рӯшан карда шаванд.

XS
SM
MD
LG