Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Чанг Чинг Ю дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки натиҷаи таҳқиқоти онҳо нишон медиҳад, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ низ идома хоҳад дошт. Вай афзуд, ки Тоҷикистон бояд шакли нави рушди иқтисодиро интихоб кунад.
Ба эътиқоди Чанг Чинг Ю, Тоҷикистон бояд ба се арса, ки дар онҳо кишвар пешдастиҳое дорад, таваҷҷӯҳи худро бештар равона созад. “Ин арсаҳоро мо пешакӣ гуфта метавонем: инҳо энергетикаи обӣ, сайёҳии табиӣ ва соҳаи кишоварзӣ мебошанд”, - гуфт Чанг Чинг Ю.
Тибқи пешбиниҳои БОР, рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ то 3,8% кам мешавад. Дар соли 2015 иқтисоди Тоҷикистон ба рушди 6%-ӣ ва соли 2014 рушди 6,7%-ӣ соҳиб шуда буд.
Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, аз он замон ба маблағи 1,4 миллиард доллар кӯмакҳои ройгони ин ниҳодро дастрас кардааст.