Ссылки доступа

"Ким Кардашяни тоҷик" дар маҷаллаи итолиёвии Donna


Дар шумораи нави маҷаллаи итолиёвии Donna, ки 26 март ба фурӯш баромад, дар бораи тарроҳи тоҷик Макнуна Ниёзова матлабе нашр шудааст. Маҷалла ӯро "Ким Кардашяни тоҷик" номидааст.

Маҷаллаи ҷилодори итолиёвӣ, ки вижаи занон аст, бори аввал акси як духтари тоҷикро нашр кард. Макнуна Ниёзова тарроҳ аст ва ҳамзамон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси мудири Маркази таълимӣ-тамринӣ кор мекунад.

Валентина Равизза, муаллифи ин матлаб, Макнуна Ниёзоваро "Ким Кардашяни тоҷик" номида ва гуфтааст, ки ӯ ба зудӣ дар озмуни мӯди Куриёи Ҷанубӣ иштирок хоҳад кард. Макнуна дар моҳи сентябри соли гузашта ва баъд аз пирӯзӣ дар озмуни "Face of Central Asia" ("Чеҳраи Осиёи Марказӣ") дар Қазоқистон барои ширкат дар ҷашнвораи мӯди Куриёи Ҷанубӣ роҳхат гирифта буд.

XS
SM
MD
LG