Ссылки доступа

Дар Қирғизистон милитсияи "гаштӣ" ба кор даромад


Дар Қирғизистон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ Сарраёсати милитсияи назоративу посбонӣ (СМНП), ки дар он бозрасии автомобилӣ ва хадамоти посбонӣ якҷо карда шуданд, ба кор сар кард. Ниҳоди навро имрӯз дар Бишкек вазири корҳои дохилии Қирғизистон Мелис Турганбоев муаррифӣ кард.

Ба иттилои ВКД, нахуст гурӯҳҳои милитсияи "гаштӣ"дар Бишкек ва вилоятҳои Чуй ва Иссиқкӯл ба фаъолият шурӯъ мекунанд ва то моҳи июл он ҳамаи вилоятҳои кишварро фаро хоҳад гирифт.

Турганбоев изҳори умедворӣ кард, ки бо гузашти вақт ин хадамот ба яке аз бахшҳои муҳими милитсия табдил меёбад. “Дар ин замон аҳамияти ҳифзи тартибот бештар шудааст, ки таъмини қонуният, пешгирӣ ва коҳиши вайронкунии қонунҳоро ҳадаф дорад. Милитсияи назоративу посбонӣ меёри баланди амнияти ҷамъиятӣ ва тартиботро таъмин месозад”, - гуфт вазир. Тибқи нақша, ниҳоди нав ба ҳар як қонуншиканӣ фавран расидагӣ мекунад. Дар назар аст, мӯҳлати аз даъват ва то ба маҳалли ҳодиса расидани маъмурони милитсия аз 3 то 10 дақиқа шавад.

Хадамоти назоративу посбонӣ ба сурати шабонарӯзӣ кор карда, дар як шабонарӯз се бастаи ҳаштсоата фаъол мешаванд. Гурӯҳҳои посбониву назоратӣ аз се маъмури милитсия иборат буда, бо таҷҳизоти аксгирӣ ва наворбардорӣ муҷҷаҳаз мешаванд, ки барои расидагӣ ба масъалаҳои баҳснок мусоидат мекунад. Таҷҳизоти сабткунанда раванди кор дар тӯли тамоми бастро ба навор мегирад.

XS
SM
MD
LG