Ссылки доступа

Русия ба НАТО посухи “баробар” ваъда кард


Кремл ба додани посухи ҳамвазн ё баробар ба афзоиши табодулҳи артиши НАТО дар Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла ба ҳузури низомии ИМА дар наздикии марзи Русия омодагӣ мегирад. Дар ин бора намояндаи Русия дар НАТО Александр Грушко хабар дод.

“Албатта, посухи мо баробар ё монанд мешавад. Чунин посухе мешавад, ки бозгӯи тасаввуроти мо дар бораи таҳдидҳои низомӣ буда, начандон пурхарҷ, вале то ҳадди имкон самарабахш бошад”, - гуфт Грушко дар барномаи шабакаи телевизионии “Россия-24”.

“Мо дида истодаем, ки ИМА тақвияти ҳузури низомии худ дар Аврупоро бо таваҷҷӯҳи махсус ба самти Шарқ идома медиҳад... Мо танҳо тамошобини оҷиз нестем, - гуфт Грушко. – Мо батадриҷ тамоми иқдоми низомиеро анҷом медиҳем, ки тақвияти ҳузури ҳарбии беасосро ҷуброн кунад”.

Дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Известия” Грушко гуфт, ки Русия чунин ҷойивазкунии нерӯҳоро ба унвони вайрон кардани қарордоди миёни Русия ва НАТО, ки дар солҳои 90-ум имзо шуда буд, арзёбӣ мекунад. Ин ҳуҷҷат ҷобаҷо накардани нерӯҳои иловагиро дар Аврупои Шарқӣ пешбинӣ накардааст.

“Мо борҳо гуфтаем, ки ҷойивазкунии пайвастаи нерӯҳо аз доимӣ мондани онҳо ҳеҷ фарқе надорад”, - гуфт Александр Грушко.

XS
SM
MD
LG