Ссылки доступа

Дар Остона ҳамроҳ бо барф муми роҳ низ нопадид шуд


Бо фаро расидани фасли баҳор суръати ҳаракат дар роҳҳои Остона якбора кам шуд, зеро барфи обшуда миқдори зиёди чуқуриҳо ва шикасту рехти ҷоддаҳоро ба намоиш гузошт.

Маъмурони пулис талош доранд аз танбашавии мошинҳо пешгирӣ кунанду ниҳодҳои роҳсозӣ аз номусоидии вазъи ҳаво шикоят доранд.

“Якбора пасту баланд шудани ҳарорати ҳаво сабаби фурӯ рехтани муми роҳ мешавад. Тармими миёна бояд барои се сол бирасад, аммо барои як сол ҳам кифоят намекунад”, - мегӯяд Аскар Исҳоқов, раҳбари бахши сохтмон ва тармими Раёсати роҳҳои мошингарди Остона.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи вай, ин роҳҳо бо зарфияти гузашти 600 мошин дар сол сохта шудаанд, ҳоло бошад, миқдори мошин дар шаҳр ба маротиб бештар шудааст.

Ронандаҳо талош мекунанд, ки ҷузъҳои ҳаракаткунандаи мошини худро аз нобудшавӣ эмин нигаҳ доранд, аммо убур кардан аз ҳамаи чуқуқриҳои роҳҳои Остона ғайриимкон аст.

Дар соли гузашта мақомот хабар дода буданд, ки дар Остона 65 километр роҳ, аз ҷумла чанд хиёбони марказӣ тармим шудааст. Дар соли ҷорӣ тармими ҳеҷ яке аз роҳҳои марказии пойтахти Қазоқистон дар назар гирифта нашудааст. Танҳо 23 кӯча тармими миёна мешаванд. Дар бештаре аз роҳҳо танҳо чуқуриҳоро пур мекунанду халос.

XS
SM
MD
LG