Ссылки доступа

Ӯзбекистон аз "ҳаққ"-аш дар Хазинаи алмосии СССР даст кашид


Думаи давлатии Русия созишномаи танзими талабҳои тарайфани молӣ миёни Русия ва Ӯзбекистонро ба тасвиб расонд. Ин қарордод моҳи декабри соли 2014 ба имзо расида, аз ҷумла ӯҳдадориҳои молии тиҷорат ва қарздиҳии солҳои 1992-93-ро низ дар бар мегирифт, ки қаблан Тошканд аз пардохти онҳо саркашӣ мекард.

Бино бар созишномаи тасвибшуда, 97 дарсади қарзи Ӯзбекистон аз Русия бекор карда мешавад. Ин маблағест баробар бо фурӯши ҳосили яксолаи пахтаи Ӯзбекистон аст, ки ба ҳисоби миёна 800 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар иваз Тошканд аз талаби ҳаққи худ аз як бахши Хазинаи алмосӣ ва арз дар ҳисобҳои “Внешэкономбанк”-и Шӯравии пешин даст мекашад.

Ба шумориши тарафи русӣ то 1 ноябри соли 2014 қарзи Ӯзбекистон аз Русия наздик ба 900 миллион долларро ташкил додааст. Аммо мақомоти Тошканд танҳо як қисми онро эътироф карданд ва ҳамзамон ҳаққи худро ба 1-2 миллиард доллари Хазинаи алмосии СССР талаб намуданд.

Баъд аз тасвиби созишнома Ӯзбекистон ба Русия танҳо як бор дар давоми як моҳи бақо пайдо кардани қарордод 25 миллион доллар хоҳад супурд.

XS
SM
MD
LG