Ссылки доступа

Вакил шуданд ва якбора... "бехона" гардиданд


Парлумони Қирғизистон барои 16 вакил, ки аз онҳо 12 нафарашон узви фраксияи Ҳизби сотисиал-демократӣ ҳастанд, хонаҳои хидматӣ додааст. Миёни ин "бехонаҳо" афроди сарватманд мисли Анвр Ортиқов, Тилектеш Исвоев ва дигарон низ ҳастанд.

Ин хабарро маркази матбуотии парлумони Қирғизистон нашр кардааст. Парлумон мегӯяд, 16 вакил дар Бишкек манзили зист надоштаанд.

Хонагирии Анвар Ортиқов, ки бори чаҳорум интихоб шудааст, суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Куҳансолтарин вакили даъвати кунунуии парлумони он кишвар 20 сол пеш манзил гирифта будааст ва онро ба духтараш додааст. Ҳоло вакили парлумон намехоҳад, он манзилро баргардонад.

Тилектеш Исоев, вакили дигар аз ҳизби сотсиал-демократӣ (ҳизби президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев) - ҳам манзил надоштааст. Вай мегӯяд, манзилашро ҳоло месозанд.

Бо назардошти ин ки Исоев дар гузашта роҳбари «Газпромнефть-Аэро Кыргызстан», буд, хона надоштанаш шубҳаҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Дар интихоботи парлумонии Қирғизистон, ки тирамоҳи соли 2015 баргузор шуд, ҳамаи ҳизбҳо эълон карда буданд, ки аз имтиёзҳои вакилӣ, мошинҳои хидматӣ ва манзил даст мекашанд.

XS
SM
MD
LG