Ссылки доступа

Дар Қарабоғи Куҳӣ ҷанг шабона идома дошт


Вазорати мудофиаи Арманистон мегӯяд, артиши Озарбойҷон шаби гузашта дар минтақаи низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ аз дастгоҳи мушакии "Смерч" истифода кардааст.

Ба иттилои ин вазорати Арманистон, бо гузашти ҳар рӯз қутри тирҳое, ки артиши Озарбойҷон истифода мебарад, калонтар мешавад.

Вазорати дифои Арманистон хабар медиҳад, ки минтақаҳои аҳолинишини Қарабоғи Куҳӣ ва мавқеи Арманистон дар ин минтақа тирборон шудаанд. Ҷониби Озарбойҷон ҳоло ҳам аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода мекунад, мегӯяд вазорати дифои Арманистон.

Маркази матбуотии вазорати дифои Озарбойҷон хабар дод, ки 16 низомии озарӣ давоми ду рӯзи охир дар ҷангҳои Қарабоғи Куҳӣ кушта шудаанд.

"Ҷониби Арманистон нуктаҳои аҳолинишини наздикии хатти даргириҳоро тирборон кард", - хабар медиҳад вазорати дифои Озарбойҷон.

Шаби 2 апрел дар Қарабоғи Куҳӣ низоъ бархост: ҷанги мусаллаҳона сар зад ва ҷонибҳо дар шуруи ин ҷанг ҳамдигарро муттаҳам карданд.

XS
SM
MD
LG