Ссылки доступа

С. Дӯстов: Фошгӯиҳои "Панама-гейт" ба режимҳои ОМ таъсир намерасонад


Коршиноси масоили сиёсӣ Саймуддин Дӯстов ба ин бовар аст, ки таҳқиқоти ҷанҷолбарангези гурӯҳи хабарнигорон дар бораи ҷузъиёти сарватҳои раҳбарони бархе аз кишварҳо дар минтақаҳои офшорӣ, ба режимҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти нуфузи Кремланд, таъсире нахоҳад дошт.

Саймуддин Дӯстов гуфт, ки барои "намояндаҳои ҳукуматҳои ин кишварҳо ҳукумат ба маънии сарватманд шудан аст. Ҳадафи асосии онҳо зиёд кардани танҳо сарвати худ нест, балкӣ мехоҳанд хешовандон, фарзандон, ҳамшаҳриҳо ва наздикони дигари худро бой гардонанд. Ба ин сабаб чунин фошкориҳо ба асоси сиёсӣ ё амалии ин режимҳо таъсире нахоҳад дошт".

Ба эътиқоди Дӯстов, натиҷаи ин таҳқиқот танҳо коре мешавад, ки ин нафарон барои махфӣ доштани сарватҳои худ ва ё қонунӣ сохтани онҳо роҳҳои дигареро ҷустуҷӯ мекунанд: "Вижагии ин чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ аз он иборат аст, ки раҳбарияти ин кишварҳо тамоми моликияти кишварро аз худ мекунанд. Онҳо соҳибони комилҳуқуқи замин, об ва тамоми табиати ин кишварҳо ҳастанд. Бо ин вуҷуд, пайдо кардани номи онҳо дар рӯйхати ин сарватҳо душвор мешавад".

Маркази таҳқиқоти фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP), Анҷумани байналмилалии таҳқиқоти хабарнигорӣ (ICIJ), WikiLeaks ва сомонаҳои дигари расонаҳои ҷаҳонӣ рӯзи якшанбе маводи бузургеро дар бораи фасод дар миёни мақомоти баландпояи Русия, Озарбойҷон, Украина, Сербистон, Исландия, Бритониё ва кишварҳои дигарро нашр карданд. Бахши бузурги ин мавод ба Русия бахшида шудааст ва дар он иддао мешавад, ки нафарони наздик ба Владимир Путин тавассути бонки "Россия" ва ширкатҳои офшории Панама беш аз ду миллиард доллареро, ки бо роҳҳои шубҳанок соҳиб шудаанд, "шустаанд".

XS
SM
MD
LG