Ссылки доступа

Дар ҷануби Ӯзбекистон зилзила рух дод


5-уми апрел соати 17:12 ба вақти маҳаллӣ дар вилоятҳои Сурхондарё ва Қашқадарёи Ӯзбекистон, ки бо Тоҷикистон ва Афғонистон ҳаммарз аст, зилзилаи шиддаташ 4,8 дараҷаи ҷадвали Рихтер эҳсос карда шуд.

Маркази зилзила дар 48 километр ғарбтари шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон, дар қаламрави Ӯзбекистон воқеъ будааст.

Ба иттилои маркази зилзиласанҷии “Тошканд”, шиддати заминҷунбӣ дар шаҳрҳои Қаршӣ ва Самарқанд сахттар буда, 3-4 дараҷа шудааст. Шиддати зилзила дар Ҷиззах то ба 3 ва дар шаҳрҳои Тирмиз ва Навоӣ то ба 2 дараҷа расидааст. Шиддати заминҷунбӣ дар Тошканд хеле суст эҳсос шудааст.

Дар бораи қурбониён ва хисороти ин ҳодисаи табиӣ то ҳол гузориш нашудааст.

XS
SM
MD
LG