Ссылки доступа

Як афсари рус дар Сурия кушта шуд


Афсари рус Вадим Тумаков дар Сурия кушта шудааст, хабар медиҳанд расонаҳои Русия. Ҷасади ин низомӣ ҳудуди даҳ рӯз пеш ба ватанаш оварда шудааст.

Тавре расонаҳо менависанд, Вадим Тумаков дар нерӯҳои махсуси "Витязь" адои хизмат кардааст. Вале маълум нест, ки вай расман дар қайди нерӯҳои Русия буд ё дар хидмати қарордодӣ.

Вазорати мудофиаи Русия расман хабар медиҳад, ки дар давоми амалиёти ҷангӣ дар Сурия 6 низомиаш кушта шудааст. Марги Тумаковро вазорат тасдиқ накардааст. Пештар аз ин дар бораи марги як сарбози дигари нерӯҳои вижаи Русия хабар расида буд.

XS
SM
MD
LG