Ссылки доступа

Адибон дар бораи Эмомалӣ Раҳмон 2256 асар эҷод кардаанд


Нашриёти “Эр-граф” куллиёти осор бо номи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ”-ро чоп кард, ки дар он асарҳои бахшида ба президенти Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст.

Ба ин китоб 2256 маводи публисистӣ ва бадеӣ ворид шудаанд, ки дар бораи пешвои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисса мекунанд. Қадимтарин асар дар соли 1994 эҷод шудааст.

Ин куллиётро муовини мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Шариф Комилзода таҳия кардааст. “Ин шеърҳо муҳббат ва садоқати шоирони мо ба президентро инъикос мекунанд. Ин шеърҳо маъмулан дар дидори вай бо мактаббачаҳо садо медиҳанд. Сипас ин шеърҳо ба шакли суруд иҷро шуда, тавассути радио ва телевизион садо медиҳанд”, - зикр кард вай.

Дар пешгуфтори китоб, ки онро ёвари президент, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода навиштааст, шаклҳои бозтоби шахсияти Пешвои миллат дар ин асарҳо ба таври васеъ маънидод шудааст.

Ин дувумин китобномаи асарҳои бахшида ба президент мебошад. Дар куллиёти аввала маълумот дар бораи беш аз 5000 китоб дар бораи президент ва асарҳои худи Раҳмон ҷамъоварӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG